Дар шабакаи марказҳои тиббии MedSwiss эмгузаронии шаҳрвандони хориҷӣ бар зиддии коронавирус Covid-19 анҷом дода шуда истодааст.

Барои эмгузаронӣ танҳо шиноснома лозим аст (РССШИ талаб карда намешавад)!

Барои эмгузаронӣ аз воксинаи «Спутник Лайт» (Sputnik Lite) истифода мебаранд. Сабти пешакӣ бо тел. +7 (812) 318-03-03.

Пас аз эмгузаронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ варақаи эмгузаронӣ/ сертификат супорида мешавад (qr-рамз дода намешавад).

  1. Шахсоне, ки гирифтори COVID-19 нашудаанд ва пештар аз эмгузарони нагузаштаанд, бояд мавриди эмгузаронӣ қарор гиранд.
  2. Эмгузаронии такрорӣ пас аз 6 моҳи баъди бемории аз сар гузаронида ва ё пас аз 6 моҳи баъди эмгузаронӣ бар зидди сирояти коронавирусии нави COVID-19* гузаронида мешавад.

Эмгузаронӣ бо «Спутником Лайт» дар як марҳила анҷом дода мешавад (як маротиба ворид намудани дору).

Раванди эмгузаронӣ бо наққшаи зерин сурат мегирад:

  • Қабл аз эмгузаронӣ муоина аз тарафи табиби амрози дарунӣ
  • Ворид намудани дору
  • Дар муҳлати ним соат таҳти назорат қарор доштан дар маркази тиббӣ

Табиби амрози дарунӣ анҷом медиҳад:

  • Ҷамъ намудани анамнези эпидемиологӣ
  • Чен кардани ҳарорат
  • Санҷидани фишори шараёнӣ
  • Чен кардани оксиген дар таркиби хун
  • Муоинаи ковокии даҳон ва ҳалқ
  • Аускулатсия

Дар асоси маълумоти бадастомада, табиби амрози дарунӣ мавҷуд будан ё набудани аломатҳои манъ ба эмгузарониро муайян мекунад. Табиб ба шумо дар бораи тассури эҳтимолӣ ба воксинаро гуфта медиҳад.

Манъҳо барои эмгузаронӣ:

Ҳассосияти аз ҳад зиёд ба яке аз ҷузъҳои таркибии воксин ё ба воксине, ки дар таркибаш ҷузъҳои шабеҳи онро дорад;

Таассури вазнини аллергикӣ дар таърихи беморӣ;

Бемориҳои шадиди сироятӣ ва ғайрисироятӣ, шиддатёбии бемориҳои музмин – эмгузарониро пас аз 2 – 4 ҳафтаи баъди сиҳатшавӣ ё ремиссия мегузаронанд. Ҳангоми СВШРН (сироятҳои вирусии шадиди роҳи нафас), бемориҳои шадиди сирооятии рўдаву меъда – пас аз ба эътидол омадани ҳарорати бадан эмгузаронидро анҷом медиҳанд;

ҳомиладорӣ;

синамаконӣ;

синну соли то 18 соланӣ (бинобар мавҷуд набудани маълумот дар бораи самарнокӣ ва бехатар будани он).

Истифода нисбати беморони солхўрда.

Истифода бурдан ба шахсони аз 18 сола то 60 сола тавсия дода шудааст.

*Бояд ба инобат гирифт, ки мувофиқи таҳқиқоти байналмилалӣ ва Россия, масунияти устувори шахсони сирояти нави коронавирсуиро аз сар гузаронида ва/ё аз сирояти анви коронавирус эмгирифта, ба ҳисоби миёна то 6 моҳ нигоҳ дошта шуда, дар давоми 9 -12 моҳ суст мегардад.

Маълумоти иловагӣ дар бораи воксина.

Эмгузаронии шаҳрвандони хориҷӣ аз коронавирус бо воксинаи «Спутник Лайт» (Sputnik Lite) — варинати сабукшудаи воксинаи вектории россиягии «Спутник V», ки ворид намудани вояи дубми доурро тақозо намекунад, анҷом дода мешавад. Воксина аз тарафи Маркази миллии тадқиқотии эпидемиологиӣ ва микробиологияи ба номи Н.Ф. Гамалеи коркард шудааст. Воксинаи Sputnik Lite бар зидди коронависру дар Вазорати тандурустии Россия санаи 29 марти соли 2021 ба қайд гирифта шудааст.

Воксина бо роҳи биотехнологӣ, ки ҳангоми он вируси барои одам патогении SARS-CoV-2 истифода намегардад ҳосил шудааст. Таркиби доруи мазкур аз вектори рекомбинантии аденовирусӣ дар асоси аденовируси инсон серотипи 26, ҳомили гени сафедаи S-вируси SARS-CoV-2 мебошад, иборат аст.

Сабти пешакӣ бо тел. +7 (812) 318-03-03.

Добавить отзыв

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Найти на карте

Позвонить

Записаться к врачу